DEV Community

m19v
m19v

Posted on

Оё математика ихтироъ ва ё кашф шудааст?

Аз силсилаи саволҳои хуб: Оё математика ихтироъ ва ё кашф шудааст?
Good Question Series: Is mathematics invented or discovered?

Аз замонҳои қадим инсоният баҳсу мунозира доранд, ки оё математика ихтироъ шудааст ва ё онро инсоният кашф кард?

Шумо шояд шунидаед, ки математика модар ё шоҳи тамоми илмҳост. Ва ё математикаро забони табиат ва ё коитон меноманд.

Оё худи математика, қонунҳояш, теоремаҳои он ва ғ. ихтироъ шудаанд ва ё онҳо аз азал вуҷуд доштанду инсоният онҳоро баъдтар кашф кардааст? Оё мо мафҳумҳои математикаро барои фаҳмидани табиати атрофи худ, коинот офаридаем ва ё математика забони табиии худи коинот аст? Оё математика маҳсулоти интеллектуалии инсон мебошад ва ё офариниши илоҳӣ?

Мисол агар аз оина берунро назар кунем, метавон шумораи дарахтонеро дид, ки он фарз кардем ба 19 баробар аст. Акнун як лаҳза тасаввур кунед инсоният ва дар баробари он математика вуҷуд надоранд ва касе нест, ки онҳоро шуморад, оё дар он ҳолат адади 19 вуҷуд дошта метавонад?

Top comments (0)

Some comments may only be visible to logged-in visitors. Sign in to view all comments.